ГлавнаяИсполнителиАфзалшоСамарканд
название:

Самарканд


автор:

Афзалшо


рейтинг: ★★★★★ / 4.8 / 832 просмотра
Дар Самарқанду Бухорои Шариф чанде касиф мактаби Тоҷикиро дар бастаанд,
Махзани Тоҷикро дӯздиданд, синаи таърихро бибридаанд,
Дар Самарқанди самарманд аз ғурӯри Тоҷикӣ тарсидаанд.
Дар Самарқанду Бухорои Шариф бар Тоҷикон дода бас аснодҳои зӯракӣ,
Бар ҷигаргоҳи нумӯи Ориён, захмҳо зад кордҳои зӯракӣ.
Дар Самарқанду Бухорову Хуҷанд, ошиқи лафзи дарӣ бисёр буд,
Форсӣ хонданд намози хештан дар замоне ки Араб ҷаррор буд.
Эй Хуҷанди Бостон шаҳри азизи ростон эй диёри Рӯдакӣ эй сарзамини Сӯғдиён.
Эй дилу ҷонам Самарқанд, эй дилу ҷонам Бухоро,
Эй дӯст, эй Самарқанд, эй Биҳишт.
Эй махзани ирфону илм хуфта дар зери лиҳофи ғафлатат бинам чаро-бинам чаро.
Ман Самарқандии бе майхонаам, ман Самарқандии бе майхонаам,
Гашта чун дил шаҳри манзил вайронаам.
Ман намедонам Худованд баҳри чи дур намуд аз Осмонҳо нолаам, Эй!!!
Ман намозамро ба номат мегузорам Тоҷикӣ,
Ифтихорам Тоҷикӣ дору надорам Тоҷикӣ,
Атромезу фараҳ афзо ҳавои Кишварам,
Лафзи ширину забони ширадорам Тоҷикӣ.
Аҳли Сомонам мусулмонам имонам комил аст,
Аз Худойи меҳрубон умедворам Тоҷикӣ.

Послушать/Cкачать эту песню
Mp3 320kbps на стороннем сайте
А как ты думаешь, о чем песня "Самарканд" ?
2010-2020 © WebKind.Ru Тексты песен