ГлавнаяИсполнителиҲасан ҲайдарМодар
название:

Модар


автор:

Ҳасан Ҳайдар


рейтинг: ★★★★★ / 5.1 / 1123 просмотра
Модар маро бизоду ба сад ноз парварид,
Аз баҳри ман фароғату  осоише надид,
Бори гарони заҳмати фарзандро кашид, 
То ман забон кушодаму бо по равон шудам.

Дар пеши пои модари худ саҷда мекунам
Худро ғулому чокару ҳам банда мекунам

Аз байни лутфи гарми меҳраш шудам калон
Дар шоҳрои зиндаги нав шудам равон
Ин аст к-аз самими дилу этиқоди ҷон
Дарси ҳаёт хондаму бас, нуқтадон шудам

Дар пеши пои модари худ саҷда мекунам
Худро ғулому чокару ҳам банда мекунам

Послушать/Cкачать эту песню
Mp3 320kbps на стороннем сайте
А как ты думаешь, о чем песня "Модар" ?
2010-2020 © WebKind.Ru Тексты песен