ГлавнаяИсполнителиДжонибек Муродов Jonibek MurodovАйлан 2015 Aylan 2015
название:

Айлан 2015 Aylan 2015


автор:

Джонибек Муродов Jonibek Murodov


рейтинг: ★★★★★ / 5.1 / 1097 просмотров
Дар ман ҳама хандаҳои дунё гирён, 
Шодиву умедҳои зебо гирён. 

Бар қисмати ман обу-ҳаво вайрон аст
Дарё гирён, домани саҳро гирён...
[2x]

Номам ба ҳама забони олам - Айлон
Рӯҳам ба ҳама макони олам - нолон
[2x]

Дар синаву дар нигоҳи ман ханҷари кист?
Хоки сари бепаноҳи ман кишвари кист?
[2x]

Бозичаи кӯдакӣи ман бишкаста, вой
Хуни дили бегуноҳи бар сари кист, 
бар сари кист?

Дунёдорон! Фишон зи фарҳанги шумо! 
Аз моли шумо! Сулҳи шумо! Ҷанги шумо!
[2x]

Биллоҳ ба Худо рӯзи ҷазо хоҳам гуфт, 
Аз баҳси шумо, фиребу найранги шумо!

Номам ба ҳама забони олам - Айлон
Рӯҳам ба ҳама макони олам - нолон

Послушать/Cкачать эту песню
Mp3 320kbps на стороннем сайте
А как ты думаешь, о чем песня "Айлан 2015 Aylan 2015" ?
2010-2020 © WebKind.Ru Тексты песен