название:
автор:
Ману Дарьё
автор:
Хурмо Ширинова
рейтинг: ★★★★★ / 5 / 1000 просмотров
- Текст
- Открытка с текстом
Ду раҳсозему раҳпаймо – ману дарё, ману дарё, Ду ҳамроҳему ду танҳо – ману дарё, ману дарё. Зи як сарчашма меоем, як сарчашмаи кӯҳӣ, Ба поинҳо аз он боло – ману дарё, ману дарё. Ман аз вай шӯр мегирам, вай аз ман шеър мегирад, Ду пуршӯрему пурғавғо – ману дарё, ману дарё. Дили ӯ масти тӯфонҳо, дили ман масти туғёнҳо, Ду сармастему пурсавдо – ману дарё, ману дарё. Ғазал мехонад ӯ, ман ҳам, фиғон месозад ӯ, ман ҳам, Ду шоир, ду дили шайдо – ману дарё, ману дарё. На парвои маломатҳо, на парвои сиёсатҳо Ду девона, ду бепарво – ману дарё, ману дарё. Ба ёди ёр менолем – ёри орзуҳомон, Ду маҷнунем дар саҳро – ману дарё, ману дарё. Гаҳе дар худ намегунҷем, меҷӯшему мешӯрем Ба қасди соҳилу маҷро – ману дарё, ману дарё. На боки садди раҳ дорему на бок аз халалгорон; Ду ҷӯёи раҳи фардо – ману дарё, ману дарё. Ба чандин ранҷу тобу таб суруди зиндагӣ дар лаб Давонем аз пайи дунё ману дарё, ману дарё...
А как ты думаешь, о чем песня "Ману Дарьё" ?