название:
автор:
Суруди садокат
автор:
Кароматулло Олимов
рейтинг: ★★★★★ / 5.2 / 1191 просмотр
- Текст
- Открытка с текстом
Аё, Тоҷикистони озоди ман, Умеди дилу хотири шоди ман. Чу фарзанди ту ҳозирам бар дифоъ, Ба ҳифзи ту ҷонро намоям фидо! Ватан, боиси ифтихорам туӣ, Ватан, мабдаи эътиборам туӣ, Ватан, тору пуди вуҷудам туӣ, Ватан, қиблагоҳи суҷудам туӣ! Манам вориси Рустами достон, Чу Восеи размовари паҳлавон, Чу сарбози Темурмалики замон, Наёбад зи ман душмани ту амон! Ба софии оби зулолат қасам, Ба покии хоку ҷалолат қасам, Зи кӯҳсору водӣ ҳама тоҷикем, Ҳама яктану ҷон ба ту содиқем!
А как ты думаешь, о чем песня "Суруди садокат" ?